Хабарҳо

Иштироки гурӯҳи кории КВД БА ҶТ "Амонатбонк" дар ҷаласаи 29-уми Гурўҳи минтаҷавии Осиё ва Форуми ҷаҳонии молиявии соҳибкории хурду миёна дар соли 2023
18 сентябр 2023

Иштироки гурӯҳи кории КВД БА ҶТ "Амонатбонк" дар ҷаласаи 29-уми Гурўҳи минтаҷавии Осиё ва Форуми ҷаҳонии молиявии соҳибкории хурду миёна дар соли 2023

Аз санаҳои 11-14 сентябри соли 2023, гурўҳи кории Корхонаи воҳиди давлатии "Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк"" дар чорабинии Ҷаласаи 29-уми Гурўҳи минтаҷавии Осиё ва Форуми ҷаҳонии молиявии соҳибкории хурду миёна дар соли 2023, ки бо ташаббус ва даъвати Институти умумиҷаҳонии бонкҳои амонатгузор ва чакана (WSBI) дар ҳамбастагӣ бо Бонки давлатии Ҳиндустон дар шаҳри Мумбайи Ҷумҳурии Ҳиндустон  баргузор гардид, иштирок намуданд.


Оғози ҳамкориҳои судманд байни КВД БА ҶТ «Амонатбонк» ва ТС «Халқ-Бонк»-и Ҷумҳурии Узбекистон
15 сентябр 2023

Оғози ҳамкориҳои судманд байни КВД БА ҶТ «Амонатбонк» ва ТС «Халқ-Бонк»-и Ҷумҳурии Узбекистон

Санаи 15 сентябри соли 2023 мулоқоти Раиси Раёсати Амонатбонк муҳтарам Икромӣ Сироҷиддин Салом бо роҳбари ҳайати ТС «Халқ-Бонк»-и Ҷумҳурии Узбекистон - муовини Раиси Раёсати Халқ-Бонк муҳтарам  Дилшод Қутлиев баргузор гардид, ки дар он нақшаҳои оғози ҳамкориҳои дуҷониба ва дурнамои рушди он мавриди муҳокима қарор дода шуданд.


Дарси омўзишӣ дар мавзўи «Қонунгузории зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Амонатбонк
12 сентябр 2023

Дарси омўзишӣ дар мавзўи «Қонунгузории зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Амонатбонк

Санаи 5 сентябри соли 2023  дар бинои дастгоҳи марказии Бонк аз ҷониби ҳуқуқшиноси асосии дастгоҳи Раиси Раёсати КВД БА ҶТ “Амонатбонк” Юсупов Б.Г бо иштироки шахсони мутасаддии филиалҳои Амонатбонк дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ дарси омўзишӣ дар мавзўи «Қонунгузории зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» гузаронида шуд.


Кормандони филиали №42 минтақаи Бохтари КВД БА ҶТ «Амонатбонк » соҳиби бинои хуштарҳу замонавӣ шуданд.
09 сентябр 2023

Кормандони филиали №42 минтақаи Бохтари КВД БА ҶТ «Амонатбонк » соҳиби бинои хуштарҳу замонавӣ шуданд.

Дар рӯзи гиромидошт аз Истиқлоли давлатӣ дар маркази вилояти Хатлон шаҳри Бохтар  бинои филиали рақами 42- юми КВД  БА ҶТ “Амонатбонк” дар минтақаи Бохтар мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.


  Чорабинии тантанавӣ бахшида ба 32-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
05 сентябр 2023

Чорабинии тантанавӣ бахшида ба 32-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бахшида ба ҷашни 32-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Раёсати КВД БА ҶТ “Амонатбонк” бо иштироки роҳбарият, ҳайати кормандон ва Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ҳикматуллозода Неъматулло,  шоири халқии Тоҷикистон  Муҳаммад Ғоиб ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.


Whatsapp Bot Telegram Bot

Назарсанҷӣ оид ба баҳодиҳии хизматрасониҳои БДА ҶТ Амонатбонк